Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифи фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» баргузор гардид. Чорабинӣ ба Рӯзи Мавлоно бахшида шуд, ки ҳамасола 30 сентябр дар кишвар таҷлил мегардад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ёдовар шуд, ки Рӯзи Мавлоно аз соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» ба таври расмӣ таҷлил мегардад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) дар таърихи ҷаҳон ҳамчун шоир, файласуф ва инсондӯст маъруф аст, ки осораш ҳатто баъд аз қарнҳо арзиши худро гум накардаанд. Шеъри ӯ андешаи муҳаббат, иттиҳод ва сулҳро паҳн мекунад, фалсафааш бошад ба рушди озодфикрӣ ва фарҳанги маънавӣ таъсири бузург расонидааст.
Осори Мавлоно забони тоҷикиро ба қуллаи шукуҳ расонид ва мероси ӯ ба қисми ҷудонашавандаи ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон соли 2022 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба ифтихори 815-солагии Мавлоно ҷаласаи байналмилалии илмӣ баргузор гардида, дар кишвар озмуни «Маснавихонӣ» роҳандозӣ шуд.
Иштирокдорони конференсия таъкид карданд, ки Мавлоно инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагиву ҳамбастагиро асоси ҳамоҳангии ҷаҳон медонист. Назарҳои ӯ дар бораи ишқу дӯстӣ ҳамчун қуввае, ки замину осмонро мепайвандад, имрӯз низ аҳамияти хоса доранд.
Дар ҷараёни конференсия маърузаҳо дар мавзӯъҳои зерин пешниҳод гардиданд:
- «Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони Шарқу Ғарб»;
- «Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон»;
- «Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно»;
- «Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев».

Конференсия бори дигар нишон дод, ки мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо таърихи фарҳангиро зинда медорад, балки барои ҷомеаи муосир низ роҳнамо ва дастури маънавӣ боқӣ мемонад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон