Душанбе, 19 июн, АИ «Караван Инфо». Дар даврони чахонишави, шахрсози ва оммавигардонии фарханг дар назди кишвархои Осиёи Маркази мушкилоти хифзи мероси фарханги торафт шадидтар мешаванд. Дар ин шароит накши стратегияхои милли, ки ба хифз ва пешбурди арзишхои таърихию фарханги равона шудаанд, таквият меёбад. Дар ин бора дар чаласаи экспертии минтакави оид ба хифзи мероси фарханги, ки дар Алмаато бо дастгирии бюрои Кластерии ЮНЕСКО баргузор шуд, сухан мерафт.

АКСХО: боги Миллии Точикистон (Помир)
Дар форум намояндагони Точикистон, Казокистон, Узбекистон, Киргизистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Хайати Точикистонро кормандони Вазорати фарханг, Агентии хифзи мероси фарханги ва таърихи, Кумитаи хифзи мухити зист, Комиссияи Миллии корхои ЮНЕСКО, осорхона-заповедники Дангара, инчунин мутахассисони пойгохи бостоншиносии Панчакент–Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм ташкил доданд.
Дар рафти чорабини хайати точик тачрибаи хифз ва маъруфсозии иншоотхои мерос, аз чумла боги миллии Точикистон (Помир), ки ба руйхати мероси чахонии табиии ЮНЕСКО дохил шудааст, муаррифи намуд. Маълумот дар бораи тахкикоти илми, ташаббусхои фарханги ва маърифати, инчунин кушишхо барои чалби чомеахои махалли ба равандхои хифзи анъанахо нишон дода шуданд.
Ба ахамияти Саразм, яке аз кадимтарин шахрхои минтака, ки зиёда аз 5500 сол дорад, диккати махсус дода шуд. Иштирокчиёни бахсхо кайд намуданд, ки пешрафти Бомуваффакияти Саразм ба сатхи байналмилали тавассути хамкории байнисохави ва дастгирии ЮНЕСКО имконпазир гардид.

АКСХО: Саразм кадимтарин шахрест, ки зиёда аз 5500 сол дорад
Точикистон чонибдории худро ба принсипхои хамкории бисёрчониба ва пешбурди гуногунии фарханги хамчун асоси сулху субот тасдик намуд. Сиёсати давлатии Чумхури ба:
*хифзи мероси фархангии гайримодди (одатхо, хунархо, фолклор);
* густариши муколамаи байналмилали аз чониби ЮНЕСКО;
*татбики барномахои таълими ва тадкикоти дар сохаи фарханг ва таърих;
*маъруфсозии иншоотхои мерос дар доираи сайёхии байналмилали ва форумхои фарханги.
Дар ин чорабини намояндагони Точикистон таъкид намуданд, ки сиёсати фархангии мамлакат ба эътирофи накши калидии фарханг дар инсондустии чомеа ва тарбияи насли чавон ба таъриху хувият такя мекунад.
Дар натичаи мулокот иштирокчиён зарурати тахияи муносибати минтакави ба хифзи мерос, табодули тачрибахои пешрафта ва карорхои техники, инчунин васеъ намудани иштирок дар лоихахои байналмилалии ЮНЕСКО-ро тасдик намуданд.
Хамкории Точикистон бо ЮНЕСКО, ки ба заминаи мустахками меъёрию хукуки ва иктидори касбии муассисахои милли асос ёфтааст, дар тахкими хувияти фархангии Осиёи Маркази сахми назаррас мегузорад.