МОСКВА, 09 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раиси Ҳукумати ФР Михаил Мишустин Қарори №1552 аз 6 октябри соли 2025 “Дар бораи банақшагирии сиёсати технологӣ дар Федератсияи Русия” – ро имзо намуд. Ҳуҷҷат принсипҳои асосии банақшагирии рушди технологии кишварро муқаррар мекунад.

“Ҳуҷҷат воқеан методологияи ба даст овардани истиқлолияти технологии кишварро муайян мекунад. Мо муайян хоҳем кард, ки кадом технология ҳоло лозим аст ва дар оянда чӣ лозим аст ва рӯйхати ягонаи маҳсулоти баландтехнологиро ташкил хоҳем намуд.
Қарор ба давлат ва тиҷорат имкон медиҳад, ки афзалиятҳои стратегии ояндаро бубинанд ” гуфт Муовини Раиси Ҳукумат Александр Новак.
Қарор ба банақшагирии сиесати технологӣ равишҳои ягона ҷорӣ мекунад ва чор усули арзёбиро дар бар мегирад, ки омодагии технология, хатҳои истеҳсолӣ, сатҳи камолоти бозор ва тиҷоратикунонии маҳсулоти баландтехнологиро ба назар мегиранд.
Пештар идораҳо ва ширкатҳо меъёрҳои гуногуни арзёбиро истифода мебурданд, ҳоло стандарти ягона барои корпоратсияҳои давлатӣ, институтҳои илмӣ ва таҳиягарони хусусӣ муқаррар намуда мешавад.
“Мо системаи шаффоф ва возеҳи идоракунии рушди технологии кишварро эҷод мекунем. Усулҳо барои арзебии лоиҳаҳои ҳамаи иштирокчиён — аз олимон ва муҳандисон то сармоягузорон ва саноатчиён забони ягона хоҳанд буд. Ин имкон медиҳад, ки захираҳо дар самтҳои пешрафта мутамарказ намуда шаванд ва қарорҳои мутавозини идоракунӣ қабул намуда шаванд”, — таъкид намуд Муовини аввали вазири рушди иқтисодӣ Максим Колесников.
Дар моҳҳои оянда мақомоти федералӣ, корпоратсияҳо ва ташкилотҳои илмӣ ҳуҷҷатҳои дохилии худро ба қарори нав мутобиқ мекунанд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода
