Миср накшаи баркарорсозии Газзаро бидуни кучонидани сокинон пешниход намуд – ИА Караван Инфо
Миср накшаи баркарорсозии Газзаро бидуни кучонидани сокинон пешниход намуд

Президенти Миср Абдел Фаттох Ас-Сиси эълон намуд, ки накшаи баркарорсозии Бахши Газзаро тахия мекунад, ки кучонидани мачбурии фаластинихоро пешбини намекунад. Ин пешниход бар хилофи акидаи каблан эълоншудаи Маъмурияти Доналд Трамп барои тахти назорати ИМА карор додани анклав ва чойгир намудани ахолии махалли ба кишвархои хамсоя аст.

ВКХ-и Миср фавран ба ташаббуси амрико вокуниш нишон дода, таъкид намуд, ки бухрони Газза бояд бидуни тагйири макони зисти сокинон хал намуда шавад.

Тибки маълумоти нашрияи Миср, накшаи Кохира таъсиси “минтакахои бехатар” – ро дар Газза пешбини мекунад, ки дар он фаластинихо метавонанд муваккатан хангоми баркарорсозии инфрасохтор зиндаги кунанд. Ин минтакахо бо хонахои мобили мучаххаз намуда мешаванд ва сокинон кумаки башардустона мегиранд. Гайр аз он, лоиха барои ахолии бахш даххо хазор чойхои кори фарохам меорад.

Элементи калидии пешниходи Миср таъсиси маъмурияти нав дар анклав мебошад, ки на бо ХАМОС ва на бо мухторияти Фаластин алокаманд хохад буд. Вай ба идоракунии бахш ва назорати корхои баркарорсози машгул мешавад.

Гуфта мешавад, ки президент ас-Сиси ташаббуси худро бо Рахбари фаронса Эммануэл Макрон мухокима намуд ва уро дастгири намуд. Мархилаи навбати баррасии накша дар саммити араб дар Эр-Риед хохад буд.

Котиби Давлатии ИМА Марко Рубио, ки ба Арабистони Сауди ташриф меорад, изхор дошт, ки Вашингтон барои пешниходхои алтернативи боз аст. “Агар кишвархои араби накшаи бехтаре дошта бошанд, пас ин ачиб аст” гуфт у дар радио.

Дар айни хол, сокинони Газза изхор медоранд, ки онхо нияти тарки ватани худро надоранд ва кишвархои хамсоя, аз чумла Миср, аллакай изхор доштанд, ки онхо омода нестанд ду миллион нафарро кабул кунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: