Душанбе, 19 июн, АИ «Караван Инфо». Аз санаи 16 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон лоихаи беназири ватандусти ва маърифати — Корвони “Модароне, ки вахдатро тараннум мекунанд” огоз ёфт.
Такрибан 100 занону модарони фаъол ба чор гурухи кори таксим шуда, ба минтакахои кишвар сафар намуданд, то бо хизматчиёни харби, чавонон ва сокинони Нохияхои Варзоб, Файзобод, Рудаки ва Шахринав мулокот кунанд.

Дар рафти вохурихо иштирокчиёни корвон дар бораи ахамияти истиклолияти давлати, накши халкунандаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар тахкими сулху субот ва вахдати милли, инчунин зарурати тарбияи ватандустонаи чавонон дар асоси арзишхои таърихию фарханги фикру мулохизахо баён намуданд.
Занон ба иншооти ичтимои, фарханги ва таърихи ташриф меоранд, ки дар он ягонагии наслхо ва ахамияти накши модари зан хамчун посбони сулх дар чомеа таъкид намуда мешавад.
Мархилаи нихоии корвон иштироки хайати он санаи 20 июн дар конфронси Чумхуриявии “Вахдат орзуи модарон”, ки дар шахри Душанбе баргузор мешавад, хохад буд. Ин чорабини як платформаи мухим барои мубодилаи афкор, илхом ва хамбастагии чомеаи занон дар заминаи рушди устувори чомеа хохад буд.
АКСХО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон