Молдова: мубориза бо фасоди пассивии интихоботи пас аз Интихобот – ИА Караван Инфо
Молдова: мубориза бо фасоди пассивии интихоботи пас аз Интихобот

Маркази миллии Мубориза бо коррупсия (МММК) – и Молдова аз полис 350 хабар дар бораи холатхои “Коррупсияи пассивии интихоботи” гирифтааст.

Ин пас аз интихоботи президенти ва овоздихи дар раъйпурси дар бораи мустахкам намудани хадафи вуруди кишвар ба Иттиходи Аврупо дар Конститутсия, ки 20 октябр баргузор шуд, рух дод.

Дар натичаи тафтишот ба шахрвандоне, ки овозхои худро “фурухтаанд”, ба маблаги умумии такрибан 1 миллион лей (такрибан 52 хазор евро) чарима таъйин намуда шуд. Тибки конунгузории Молдова, “порагирии пассивии интихоботи” талаб, кабул ё гирифтани молхо, хидматхо ё имтиёзхоро аз чониби интихобкунанда бо максади таъсир расонидан ба хукукхои интихоботии у дар бар мегирад.

Чарима барои чунин чиноят аз 25 хазор то 37 500 лей (1299-1949 евро) – ро ташкил медихад. Ин чиддияти муносибати Молдоваро ба мубориза бо коррупсия ва кушиши таъмини интихоботи одилона дар кишвар таъкид мекунад.

Аксхо: depositphotos.com

error: