Москва бо вучуди дархости истирдоди Асад бо макомоти нави Сурия тамосро идома медихад – ИА Караван Инфо
Москва бо вучуди дархости истирдоди Асад бо макомоти нави Сурия тамосро идома медихад

Русия ният дорад, ки гуфтушунидхоро бо макомоти нави Сурия дар хама масъалахои мухим, аз чумла ояндаи пойгоххои низомии Русия дар кишвар идома дихад. Дар ин бора котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков изхор дошт.

 “Шумо медонед, ки хайати мо ба наздики гуфтушунид намуд, шарти идомаи тамос дар хама масъалахо, саволхои зиёде барои мухокима вучуд доранд” гуфт Песков дар посух ба савол дар бораи сарнавишти пойгохи низоми дар Тартус.

Дар охири мохи январ хайати Русия бори аввал пас аз тагйири кудрат дар Сурия ба Димишк ташриф овард. Муовини раиси Вазорати Корхои хоричии Русия Михаил Богданов кайд намуд, ки мулокот созанда гузашт, аммо эътироф намуд, ки такдири пойгоххои Русия бояд алохида мухокима намуда шавад.

Пас аз гуфтушунидхо дар Димишк, макомоти Сурия зарурати баркарор намудани муносибатхо бо Москваро бо назардошти “хатогихои гузашта” ва ба манфиати мардуми Сурия эълон намуданд. Инчунин, талабот ба Русия дар бораи чубронпули, тачдид ва баркарорсозии инфрасохтори вайроншуда садо дод.

Яке аз кадамхои гайричашмдошт изхороти Рохбари гурухи “Хайят Тахрир аш-Шам” (дар Русия манъ аст) Ахмад аш-Шараа буд, ки аз Москва истирдоди президенти собики Сурия Башор Асадро талаб намуд. Кремл то хол ин дархостро шарх надодааст.

Ба гуфтаи Bloomberg, дар гуфтушунид мушкилот боки мондааст. Туркия, ки то ба кудрат расидани нерухои нав мухолифати сурияро дастгири менамуд, зидди кушиши Русия барои нигох доштани хузури низоми дар кишвар аст. Анкара шубха дорад, ки Москва пас аз дастгирии бисёрсолаи режими Асад метавонад пойгоххоро нигох дорад.

ВКХ-и Туркия дар охири соли гузашта ба пойгоххои низомии хоричи дар Сурия муносибати манфи зохир намуд, аммо кайд намуд, ки карори нихои ба Димишк вобаста аст.

Аксхо: аз вебсайти Расмии Президенти ФР

error: