Мухочирон дар ФР метавонанд пас аз ба охир расидани шартномаи мехнати кишварро тарк кунанд – ИА Караван Инфо
Мухочирон дар ФР метавонанд пас аз ба охир расидани шартномаи мехнати кишварро тарк кунанд

Гурухи вакилони фраксияи ЛДПР бо сарварии Рохбари хизб Леонид Слутский лоихаи конунеро пешниход намуданд, ки кормандони хоричиро вазифадор мекунад, ки пас аз ба охир расидани мухлати амали шартномаи мехнати, агар он аз нав баста нашуда бошад, Русияро тарк кунанд.

Тибки лоихаи конун, шахрванди хоричи вазифадор аст, ки дар давоми 10 рузи кори пас аз ба охир расидани мухлати амали шартномаи мехнатии мухлати ё пеш аз мухлат катъ намудани он каламрави ФР-ро тарк кунад. Истисно холатхое мебошанд, ки мухочир дар давоми 20 рузи кори пас аз анчоми шартномаи кабли шартномаи нави мехнати бастааст.

Агар хоричи ин талаботро ичро накунад, вай бояд депортатсия намуда шавад. Харочоти депортатсия ба худи мухочир ва дар сурати набудани маблаг ба корфармо вогузор намуда мешавад. Дар ин холат лоихаи конун ба мутахассисони баландихтисос дахл надорад.

Илова бар ин, муаллифони ташаббус пешниход мекунанд, ки мухлати бастани шартномахои мехнати бо шахрвандони хоричи як сол махдуд намуда шавад. Истисно инчунин, барои мутахассисони баландихтисос дода мешавад. Дар айни замон, конунгузории мехнатии ФР имкон медихад, ки бо хоричиён хам шартномахои бемухлат ва хам шартномахои мухлатноки мехнати баста шаванд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: