Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ноябр дар ҳошияи Ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат аз сатҳи рушдёбандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид карданд, ки равобити ду кишвар дар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд дорад.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо имконоти васеи ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо ва кишоварзӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда метавонад ба густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар мусоидат намояд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илм, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки таҳкими робитаҳои инсонӣ ва табодули фарҳангиву илмӣ нақши муҳим дар наздиксозии мардумони ду кишвар дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ арзишманд шумориданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қатар ба ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва рушди устувор мавқеи ҳамсон доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар Навори Ғазза, истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои сулҳталаби Амири Қатар ҷонибдорӣ мекунад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунсоҳа ва идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ таъкид намуданд.
Ҳамчунин миёни роҳбарон атрофи дигар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, табодули назар сурат гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
