Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои узви ИДМ – ИА Караван Инфо
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои узви ИДМ

27 январи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид. Дар ин мулоқот инчунин котибони генералии ИДМ, СААД, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок карданд.

Дар ин мулоқот, вазири корҳои хориҷии Русия С.Лавров самаранокии раёсати Тоҷикистон дар ИДМ-ро дар соли 2025 ва дастгирии онро аз раёсати Туркманистон дар соли 2026 қайд кард.

Дар ин чорабинӣ натиҷаҳои корҳои муштарак дар соли 2025 дар доираи формати ИДМ ҷамъбаст ва қадамҳои минбаъда барои тақвияти минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва амниятӣ муайян карда шуданд.

Иштирокчиён инчунин дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

error: