Мушаки чини бо 18 мохвора дар фазои кайхони таркид – ИА Караван Инфо
Мушаки чини бо 18 мохвора дар фазои кайхони таркид

Ракетаи чини, ки дар он 18 мохвора барои таксими интернети баландсуръат мавчуд буд, дар фазои кайхони таркид. Мохворахо хафтаи гузашта ба кор андохта шуданд, аммо миссия ноком шуд, ки онро Вазорати Корхои хоричии Чин расман тасдик намуд, хабар медихад агентии Bloomberg. Каблан корпоратсияи илм ва техникаи кайхонии Чин дар бораи партоби бомуваффакияти мушак гузориш дода буд.

Таркиш метавонад яке аз бузургтарин манбаъхои партовхои кайхони дар дахсолахои охир бошад. Бо вучуди ин, макомоти Чин итминон доданд, ки барои таъмини амнияти минтакахои орбитави аллакай чорахо андешида мешаванд.

Ин аввалин партияи мохворахои интернети буд, ки аз чониби ширкати кайхонии Шанхай парвоз намуда шуд, ки ният дорад то соли 2030 15 хазор дастгохро ба масир барорад.

Аксхо: Pixabay.com/NASA-Imagery

error: