Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 03 сентябр дар Қасри теннис ва комплекси варзишҳои обии Душанбе мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз шуд, ки ба 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар ин мусобиқа беш аз 60 шиновар аз шаш кишвар – Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон – ширкат мекунанд.
Мусобиқа то 5 сентябр идома меёбад.
Дар маросими ифтитоҳ иштирокчиёнро Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси Федератсияи миллии шиноварӣ Рамазон Раҳимзода табрик намуда, барои онҳо муваффақият ва дастовардҳои нав дар варзишро таманно кард.
Ҳамчунин бо сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати ҶТ Зулфикор Гулахмадзода баромад намуда, таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлат ва ҳукумат рушди варзишро пайваста дастгирӣ мекунанд, базаи моддӣ-техникӣ қавӣ мегардад ва шароит барои омодасозии варзишгарони ҷавон фароҳам меояд.
Таъкид карда мешавад, ки баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалии шиноварӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолият анъанаи хуб гаштааст, ки маҳорати варзишгаронро баланд мебардорад ва ҳамкории варзишии байналмилалиро тақвият медиҳад.
Дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи Беларус натиҷаҳои ҷолиб нишон дод ва 11 медал ба даст овард: чор тилло, чор нуқра ва се биринҷӣ. Пас аз ҷамъбасти рӯз, варзишгарони Беларус бо дастаи Русия дар ҷойи аввал қарор доранд.
АКС: маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон