Москва, 1 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мохи апрели соли 2025 Музди миёнаи Мехнат дар Русия ба 99,4 хазор рубл расид, ки маълумоти Росстат нишон медихад.
Ин нисбат ба мохи апрели соли 2023, вакте, ки нишондиханда 72,5 хазор рублро ташкил медод, кариб 37% зиёд аст.

Тадкикот дар байни 95,4 хазор ташкилот, аз чумла тичорати хурд гузаронида шуд. Дар пурсиш корхонахое иштирок намуданд, ки дар онхо 28,4 миллион нафар кор мекунанд.
Сатхи баландтарини музди мехнат одатан дар минтакахои шимоли ва пойтахт ба кайд гирифта шудааст. Чукотка пешсаф буд дар ин чо маоши миёна 193,8 хазор рублро ташкил дод. Сипас Москва (178,2 хазор), мухторияти Ямал-Ненес (163,4 хазор), Вилояти Магадан (155,1 хазор) ва Вилояти Сахалин (148,5 хазор).
Даромади камтарин, тибки маълумот, дар чумхурихои Кафкози Шимоли буд. Дар Ингушетия маоши миена 39,6 хазор рубл, дар Чеченистон 43,1 хазор ва дар Догистон 45,4 хазор рублро ташкил дод.
Тадкикоти Росстат дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад ва тамоюлхои сохтор ва сатхи музди мехнатро дар саросари кишвар инъикос мекунад.
Аксхо: photo by form PxHere