Санаи 27 январ дар Осорхонаи Освенсим-Биркенау маросими тантанави бахшида ба 80-солагии озодкунии лагери марги фашисти баргузор шуд. Чорабини 56 махбуси зиндамонда ва инчунин то 50 пешвои чахонро, аз чумла президенти Фаронса Эммануэл Макрон, канслери Олмон Олаф Шолтс ва шохи Бритониё Карл III-ро чамъ овард.

Начотёфтагон аз афзоиши зиддисемитизм ва нафрат дар чахони муосир изхори нигарони намуданд. Таърихнигори поляк Мариан Турский, ки худ аз Холокост начот ёфтааст, таъкид намуд, ки зиддисемитизм яке аз сабабхои Холокост буд: “Имруз мо афзоиши бузурги зиддисемитизмро мебинем, ки ба низоъхои мусаллахона байни халкхо ва гуруххои этники оварда мерасонад”.
Това Фридман, ки дар синни шашсолаги аз Освенсим начот ёфт, кайд намуд, ки чахон дубора аз нафрат ва нобовари фаро гирифта шудааст: “агар мо бас накунем, шояд боз як харобии дахшатнок рух дихад”.
Леон Вайнтрауб, начотёфтаи 99-сола, илова намуд, ки хатто дар Шветсия у бо идеологияи нафрат ру ба ру мешавад: “ин идеология нажодпарасти ва зиддисемитизмро хамчун фазилат муайян мекунад”.
Президенти конгресси чахонии яхудиён Роналд Лаудер хотиррасон намуд, ки Холокост бо сабаби бепарвои имконпазир шуд: “Вакте, ки Гитлер пас аз Шаби Шишаги хомуши шунид, у медонист, ки бо яхудиён хар коре, ки мехохад, намуда метавонад. Хеч гуна нафратро нисбати яхудиён ва хеч кас тахаммул намудан мумкин нест.
Олмон, ки аз чониби канслер Шолтс ва президент Штайнмайер намояндаги менамуд, бори дигар масъулияти худро барои чиноятхои гузашта тасдик намуд.
Маросим бо фурузон намудани шамъхо ба хотири курбониёни Холокост ба анчом расид. Олмони фашисти 6 миллион яхудиро нобуд намуд ва талафоти умумии чанги дуюми чахони беш аз 60 миллион нафарро ташкил дод. Начотёфтагон чахонро даъват намуданд, ки дахшатхои гузаштаро фаромуш накунанд, то такрори фочиаро пешгири кунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода