Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи тиҷорати «Гунди Шопур» аз Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ мебинанд, то намоишгоҳи махсуси давраи Сомониён — яке аз давраҳои тиллоии давлатдории тоҷиконро баргузор намоянд.

Дар ин бора дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар дода шуд. Вохӯрии кории директори осорхона Зафаршо Иброҳимзода бо директори Осорхонаи таърихи тиҷорати Эрон Саҳар Фурузонпур дар Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон — корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намоишгоҳӣ, бостоншиносӣ, экскурсионӣ ва бозсозӣ — табодули назар карданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ташкили намоишгоҳи экспонатҳои давраи Сомониён аз маҷмӯаи Осорхонаи таърихи тиҷорати «Гунди Шопур» равона гардид.
Ин ташаббус, ба гуфтаи масъулон, барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон, ки аз решаҳои муштараки таърихию фарҳангӣ бархурдоранд, аҳамияти бузург дорад.
Давраи Сомониён (асрҳои IX–X) яке аз қуллаҳои рушди давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Дар он замон дар марказҳои бузурги илму фарҳанг, аз ҷумла Бухоро ва Самарқанд, адабиёт, фалсафа, меъморӣ ва тиҷорат рушд мекарданд.
Намоишгоҳи дарпешистода ба тамошобинони тоҷик имкон медиҳад, ки осори нодир ва таърихиро, ки аз ҳаёти рӯзмарра, равобити тиҷоратӣ ва ҳунарҳои давраи Сомониён шаҳодат медиҳанд, аз наздик бубинанд.
Ин намоишгоҳ идомаи ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои фарҳангии ду кишвар буда, дар таҳкими робитаҳои башардӯстона ва ҳифзи мероси муштараки таърихӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо на танҳо робитаҳои фарҳангиро мустаҳкам мекунанд, балки ба шинохти амиқтари решаҳои ягонаи тамаддуни тоҷикону форсҳо мусоидат менамоянд.
Акс: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»