Намояндагии доимии Русия дар СММ накшаи Исроилро барои назорати Пурраи Газза хамчун вайрон намудани хукуки байналмилали махкум намуд” – ИА Караван Инфо
Намояндагии доимии Русия дар СММ накшаи Исроилро барои назорати Пурраи Газза хамчун вайрон намудани хукуки байналмилали махкум намуд"

Москва, 11 августи соли 2025 АИ «Караван инфо». Русия карори Исроилро дар бораи назорати пурраи шахри Газза ва васеъ намудани амалиети низоми дар анклави фаластин шадидан танкид намуд.

Дар ин бора Ичрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ФР дар назди СММ Дмитрий Полянский дар чаласаи фаврии Шурои Амният изхор дошт.

 “Ин амалхои рохбарияти исроил хукуки байналмилалиро ба таври берахмона вайрон мекунанд ва хам даъватхои чомеаи байналмилали ва хам карорхои Шурои Амниятро беэътинои мекунанд”, — кайд намуд дипломат, дар шархи карори кабинети харби – сиёсии Исроил.

Полянский таъкид намуд, ки накшаи ворид намудани нерухо бо максади шикасти харакати ХАМОС ва назорати пурраи Газза ба дурнамои халли дучонибаи низоъи Фаластин ва исроил зарбаи чидди мезанад.

Карори васеъ намудани амалиёти низоми ва назорати Газза шоми 8 август бо пешниходи сарвазири Исроил Бинемин Нетаняху тасдик намуда шуд.

Вазъият дар Газза яке аз омилхои асосии ташаннуч дар Ховари Миёна боки мемонад. Чомеаи байналмилали борхо даъват ба худдори ва чустучуи халли осоиштаи низоъ байни Исроил ва Фаластин намудааст. Русия ба таври анъанави чонибдори музокироти дучониба ва хифзи принсипхои хукуки байналмилали мебошад.

Имруз дар Исроил чанд руз аст, ки эътирозхои оммави бо даъват ба катъи амалиёти низоми дар Газза, ки ба катли ом дар фаластин оварда расонид, баргузор мешаванд.

Дар тули ин муддат, тибки маълумоти расми, САХАЛ дар Газза зиёда аз 60 хазор нафарро нобуд намуд, аммо тибки маълумоти расми ин ракам аз 100 хазор нафар зиёд аст.

Аксхо: Википедия

error: