Намояндаи собики Sony Pictures аз кинотеатрхои русия кариб 1 миллиард рубл талаб мекунад – ИА Караван Инфо
Намояндаи собики Sony Pictures аз кинотеатрхои русия кариб 1 миллиард рубл талаб мекунад

Намояндагии Собики Sony Pictures дар Русия, ширкати “Контент-клуб”, шабакахои кинои русияро бо талаби пардохти кариб як миллиард рубл ба додгох кашид. То соли 2022 “Контент-клуб” (пеш аз Он “сони пикчерс продакшн энд релизинг”) студияи Sony Pictures-ро дар Русия намояндаги менамуд.

Ширкат такрибан бист даъво алайхи кинотеатрхои русия пешниход намудааст. Аксари даъвохо то хол танхо ба кайд гирифта шудаанд ва баъзеи онхо бо сабаби вайрон намудани коидахои пешниход бе барраси мондаанд. Талабот ба карзхо барои намоиши филмхои Sony Pictures, ки хануз пеш аз рафтани киностудия аз бозори русия чамъ шуда буданд, дахл дорад.

Бузургтарин даъво ба маблаги 436,4 миллион рубл ба сохтори “Формулаи кино” ва “синема парк” пешниход шудааст. Шабакаи Кинои “Каро” даъвои 71,6 миллион рубл ва дигар прокатчиёнро ба маблаги камтар гирифт. Маблаги умумии талаботи хамаи даъвохо аз 980 миллион рубл зиёд аст.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: