Ичлосияи 92-уми Ассамблеяи Генералии Интерпол дар Глазго баргузор шуд.
Чумхурии Точикистонро дар чорабини сардори бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корхои дохилии Точикистон Шахриёри Назризода, инчунин дигар шахсони расми, ки бюрои Марказии миллии кишвархои узви Иттиходи Давлатхои Мустакилро ба ухда доранд, намояндаги намуданд.

Дар чараёни сессия интихобот барои 10 вазифаи асосии рохбарикунанда, аз чумла интихоби котиби генералии нав, ки дар хамохангсозии талошхои чахони барои мубориза бо тахдидхо ва чинояткории нав накши мухим мебозад, баргузор шуд.
Чорабини дар хамкори бо агентии миллии Мубориза бо чинояткории Бритониё ва рохбарони амалиёти, ки дар масъалахои мубориза бо чинояткории муташаккил, аз чумла тавассути Интерпол кор мекунанд, ташкил намуда шуд.
Дар доираи сессия масъалахои хамкории байналмилалии сохторхои полис барои мубориза бо тахдидхои асосии амнияти, аз чумла чинояткории муташаккил, терроризм ва каллоби барраси намуда шуданд.
Илова бар ин, дар чаласа чор панели асосии интерактиви баргузор гардид, ки чанбахои гуногуни хамкории ояндаи байналмилалии полисро дар доираи барномахои глобалии мубориза бо чинояткори барраси намуданд.
Ассамблея инчунин барои тасдики барномаи чорабинихо ва буча барои соли 2025 овоз дод.
АКСХО: Вазорати корхои дохилии Точикистон