Остона, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон аудити амнияти авиатсионӣ, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ (СБАШ) гузаронида шудааст, ба анҷом расид. Роҳбари гурӯҳи коршиносон Вайн Каллум ҳисоботи пешакиро пешниҳод намуд, ки дар он пешрафти назаррас нисбат ба аудити соли 2017 қайд намуда шуд.

Коршиносони СБАШ самтҳои зеринро баланд арзёбӣ намуданд:
- Мутобиқати қонунгузорӣ: меъёрҳои Миллӣ ҳоло ба стандартҳо ва таҷрибаи тавсияшудаи СБАШ бештар мувофиқат мекунанд.
- Назорати давлатӣ: Системаи Назорати давлатии авиатсияи гражданӣ такмил дода шуд.
- Татбиқи амалӣ: Субъектҳои авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаботи қонунгузориро самараноктар иҷро мекунанд.
- Омодасозии кадрҳо: сатҳи омодасозии кадрҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
- Соддагардонии расмият: пешрафт дар соддагардонии расмиёт ҳангоми интиқоли байналмилалӣ қайд намуда шудааст.
Вайн Каллум кори мутахассисони қазоқистонро баланд арзёбӣ намуда, ҳамкории муташаккили Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ, маъмурияти Авиатсионии Қазоқистон ва дигар идораҳоро қайд намуд.
Натиҷаҳои ниҳоии аудит то 15 ноябр маълум хоҳанд шуд. Аммо, ҳоло Қазоқистон метавонад ба мавқеи баланд дар рейтинги байналмилалии амнияти авиатсионӣ умед барад.
Аксҳо: Вазорати нақлиети ҶҚ