Дар Пойтахти Русия чашни Байналмилалии Навруз бо шукуху шахомати хоса тачлил гардид. Кабули тантанави, ки аз чониби Сафорати Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия ташкил намуда шудааст, мехмононро чамъ овард, то яке аз чашнхои кадимтарин ва дустдоштаи бахорро якчоя пешвоз гиранд.

Сафири фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмахмадзода таъкид намуд, ки Навруз, ки аз чониби ЮНЕСКО ва СММ хамчун чашни байналмилали эътироф шудааст, беш аз дах сол боз миллионхо нафарро дар саросари чахон муттахид мекунад. “Навруз на танхо чашн аст, балки рамзи навсози, вахдат ва эхтиром ба мероси фархангии ниёгони мост. Имруз мо хурсандем, ки ин шодиро бо дустони худ дар Москва мубодила кунем” гуфт у.
Мехмонони чорабини тавонистанд ба фазои фарханги точик ворид шаванд. Дар чашн намунахои беназири хунархои милли, либосхои анъанави, асбобхои мусикии дасти ва дигар махсулоти устодони точик намоиш дода шуданд. Хар як экспонат таърихи худро накл намуда, сарват ва гуногунии фарханги Точикистонро нишон медод.
Барномаи консерти диккати махсусро чалб намуд, ки ороиши вокеии шом гардид. Устодони санъати точик сурудхо ва раксхои халкиро ичро намуданд ва намоиши театри ба мехмонон имкон дод, ки худро як кисми анъанахои Кадимаи Навруз хис кунанд. Тамошобинон аз чой бархоста кафкуби намуданд ва дар толор фазои чашни вокеан хукмфармо буд.
Яке аз рамзхои Навруз, ки мехмонон бо он шинос шуданд, дастархони анъанавии бо хурокхои идона оро додашуда буд, ки дар байни онхо суманак, халим ва дигар хурокхо чойгохи махсусро ишгол намуданд. Ин таомхо, ки бо мехри махсус омода намуда шудаанд, на танхо тухфаи болаззат, балки хотиррасон мекунанд, ки Навруз чашни саховатманди ва мехмоннавози аст.
Чашни Навруз дар Москва намунаи равшани он буд, ки чи гуна фарханг ва анъанахо метавонанд одамонро новобаста аз миллат ё чои зисташон муттахид кунанд. Ин шом пур аз шоди, гарми ва умед ба ояндаи дурахшон буд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода