Нерӯи офтоб — интихоби стратегӣ: Тоҷикистон нахустин лоиҳаи бузурги офтобиро бо иқтидори 500 МВт роҳандозӣ мекунад – ИА Караван Инфо
Нерӯи офтоб — интихоби стратегӣ: Тоҷикистон нахустин лоиҳаи бузурги офтобиро бо иқтидори 500 МВт роҳандозӣ мекунад

Душанбе, 14 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди энергетикаи миллӣ қадами сифатан нав мегузорад ва барои гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. 13 январ дар доираи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати мамлакат ва ҶДММ «Аён Энерджи» ба имзо расид, ки сохтмон ва ба истифода додани ду неругоҳи бузурги офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 500 МВт-ро пешбинӣ менамояд.

Тавре Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи ин лоиҳа дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт ва дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи дигар бо иқтидори 250 МВт бунёд мегардад.

Ин нахустин лоиҳаи бузург дар таърихи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи офтобӣ бо чунин иқтидори насбшуда маҳсуб мешавад. Амалишавии он оғози марҳилаи нави рушди энергетикаи «сабз» ва инфрасохтори муосири энергетикии кишварро ифода намуда, гузариши амалии Тоҷикистонро ба истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия нишон медиҳад.

Лоиҳа дар доираи иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, инчунин дар заминаи тадбирҳои давлатӣ ҷиҳати рушди энергетикаи «сабз» ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ мегардад.

Неругоҳҳои офтобӣ ба таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуда, имконият медиҳанд, ки норасоии мавсимии неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон коҳиш ёбад, сарборӣ ба низоми энергетикӣ паст гардад ва таъминоти устувори барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад.

Тибқи шартҳои созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузор уҳдадор шудааст, ки корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобиро дар давоми соли 2026 ба анҷом расонад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба лоиҳа 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ин лоиҳа на танҳо ташаббуси инфрасохторӣ, балки рамзи интихоби стратегии Тоҷикистон ба нафъи рушди экологӣ, иқтисоди устувор ва ояндаи энергетикии тоза ба ҳисоб меравад. Амалишавии ин мегалоиҳаи офтобӣ барои густариши минбаъдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: