Пас аз хамла ба ширкати хавопаймои ва мудофиавии TUSAS Дар Туркия, ки дар натичаи он панч нафар кушта ва зиеда аз 20 нафар захми шуданд, Нерухои хавоии Туркия ба хадафхои эхтимолии чангиёни курд дар Ирок ва Сурия зарбахои хавои заданд. Амалиёт посух ба хамлае буд, ки масъулияти онро ба Хизби Коргарони Курдистон (ХКК) вогузор намуданд. Тибки маълумоти Вазорати мудофиаи Туркия, дар чараёни зарбахои хавои зиёда аз 30 хадаф нобуд намуда шуд.

Хамла ба зуди пас аз он рух дод, ки чангиён маводи таркандаро ба кор дароварданд ва ба иншоотхои TUSAS, ки бо истехсоли хавопаймохои бесарнишин ва системахои мудофиа машгуланд, оташ кушоданд. Ба гуфтаи Вазири корхои дохилии Туркия Ерликай, ду хамлагар нобуд намуда шуданд. Вазири мудофиа Ясар Гюлер изхор дошт, ки Туркия таъкиби чангиёнро то нобуд шудани онхо идома медихад.
Президенти Туркия Речеп Тайип Эрдугон хамларо махкум намуд ва кайд намуд, ки хамла ба муваффакиятхои туркия дар саноати мудофиа равона шудааст. Ин изхорот дар мулокоти у бо президенти Русия Владимир Путин дар саммити БРИКС дар Казон садо дод.
Амалиёти Туркия вокуниши васеи байналмилалиро ба бор овард. НАТО, СММ, инчунин макомоти Ирок ва Юнон бо Анкара хамбастаги изхор намуда, хамлаи террористиро махкум намуданд.
Аксхо: MERT GOKHAN KOC