Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Дар посух ба мушкилоти афзояндаи даврони раками, Донишгохи Техникии Точикистон ба номи академик Мухаммад Осими расман эълон намуд, ки ду самти ояндадори тайёри — “Амнияти Кибери” ва “Технологияи Интеллектуали”-ро огоз мекунад. Дар ин бора ректори Донишгох Кудрат Давлатзода дар нишасти матбуотии Душанбе хабар дод.

Тавре Ректор кайд намуд, зарурати ин ихтисосхо кайхо пеш ба миён омада буд, аммо каблан рохандозии чунин барномахо монеахои забони ва техникиро бозмедошт. “Мо карори стратеги кабул намудем: аз соли нави тахсил мо кабули пурраи донишчуёнро огоз мекунем. Имруз мутахассисони киберамният ва системахои интеллектуали аз харвакта бештар ахамият доранд” гуфт Давлатзода.
Ифтитохи самтхои Киберамният ва технологияхои Интеллектуали як кисми ташаббуси васеътари таълими мебошад. Дар соли тахсили 2025-2026 донишгох кабули донишчуёнро дар як вакт аз руи 8 ихтисоси нав ба накша гирифтааст, ки хар кадоми онхо ба мушкилоти илм, техника ва иктисодиёти муосир чавобгу мебошанд.
Самтхои нав даъват намуда мешаванд:
- таквияти иктидори кадрхои милли дар сохаи амнияти иттилооти;
- тайёр кардани мутахассисоне, ки кодиранд технологияхои идоракунии “интеллектуали” – ро тахия ва татбик кунанд;
- тачрибаи пешкадами байналмилалиро ба раванди таълим ворид намудан.
Таъсиси ихтисосхои нав ба довталабон имкониятхои вокеии азхудкунии касбхои муосирро, ки хам дар сатхи милли ва хам дар сатхи байналмилали талаб намуда мешаванд, фарохам меорад. Донишгох ният дорад, ки стандартхои байналмилалии тахсилотро чори кунад, дастраси ба озмоишгоххои ракамиро васеъ кунад ва бо ширкатхои ТИ хамкори кунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода