Душанбе, 25 июл, АИ «Караван инфо». Санаи 24 июл дар Касри миллат Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон баъди анчоми музокироти сатхи Оли Миёни Точикистону Мугулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хоричи нишасти матбуоти доир намуд.

Зимни изхорот ба матбуот Президент Эмомали Рахмон таъкид намуд, ки чонибхо вазъ ва дурнамои муносибатхои дучониба, инчунин масъалахои мубрами рузномаи байналмилали ва минтакавиро барраси намуданд.
Сарвари давлат кайд намуд, ки хуччатхои нави хамкори, ки ба имзо расидаанд, ба тахкими минбаъдаи заминаи хукукии робитахои байнидавлати дар сохахои гуногун равона намуда шудаанд.
Таъкид гардид, ки харду чониб ба густариши хамкорихои амали дар сохахои тичоративу иктисоди, фарханги ва гуманитари ва дигар сохахои мавриди таваччухи тарафайн изхори манфиатдори намуданд.
Рушди минбаъдаи робитахои байнипарлумони ва тахкими накши дипломатияи парлумони дар муносибатхои байнидавлати мухим ва максаднок эътироф намуда шуд.
Таъкид гардид, ки харду чониб ба густариши хамкорихои тичоративу иктисоди таваччухи хоса зохир намуданд.
Сарвари давлат манфиатдории харду кишварро ба таъсиси корхонахои муштараки истехсоли дар сохахои ояндадори иктисодиет, пеш аз хама дар саноати коркард, хусусан дар саноати сабук ва хуроквори, инчунин дар хочагии кишлок, аз чумла чорводори кайд намуд.
Зарурати рушди хамкори дар сатхи минтакахои ду кишвар, инчунин густариши робитахо дар сохахои фарханг, илм ва маориф, кор бо чавонон, варзиш ва сайёхи таъкид гардид.
Президент Эмомали Рахмон кайд намуд, ки масъалахои марбут ба таъмини амният, муковимати муассир ба чолишхо ва тахдидхои глобали ва минтакави дар маркази таваччухи чонибхо карор доранд.
Таъкид гардид, ки масъалахои кохиш додани таъсири тагйиребии иклим ба мухити зист, пешбурди рузномаи “сабз” ва Татбики Хадафхои рушди устувор барраси гардиданд.
Хамчунин дастгирии мутакобилаи созанда ва хамкории Точикистону Мугулистон оид ба масъалахои мубрами рузномаи глобали ва минтакави дар доираи институтхои бисёрчониба кайд намуда шуд.
Дар анчоми суханронии худ Эмомали Рахмон таъкид дошт, ки дар рафти гуфтушунидхои сатхи оли шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилали, аз чумла дар доираи Созмони Милали муттахид, инчунин дигар механизмхои хамкории бисёрчониба барраси гардид.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон