Нооромихо дар Амстердам: эътирозгарон трамвайро оташ зада, мошинхоро вайрон намуданд – ИА Караван Инфо
Нооромихо дар Амстердам: эътирозгарон трамвайро оташ зада, мошинхоро вайрон намуданд

Шоми душанбе, 11 ноябр, дар Маркази Амстердам пас аз манъи намоишхои оммави, бетартибихо дубора сар заданд. Полис дар маркази шахр чойгир намуда шуд ва барои назорати вазъ чархбол чалб намуда шуд.

Гуруххои эътирозгарон, ки бо харакатхои тарафдори Фаластин тамос мегиранд, бо полис бархурд намуданд. Дар чараёни бетартибихо трамвай оташ зада шуд (дар лахзаи сухтор дар он касе набуд), инчунин мошинхо ва витринахои магозахо шикаст хурданд. Сухтори трамвай зуд хомуш намуда шуд.

Полис эътирозгаронро пароканда мекунад, чанд нафар боздошт шудаанд, аммо шумораи дакики боздоштшудагон хануз хабар дода нашудааст. Бо вучуди манъи гирдихамои, эътирозхо дар Амстердам аз замони куштори футбол байни “Аякс” ва “Маккаби” дар шаби 8 ноябр катъ нашудаанд. Дар натичаи он ходисахо даххо нафар иштирокчиёни бетартибихо боздошт шуданд.

Аксхо: aljazeera.com

error: