Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026-ро бо ғалабаи пурқувват оғоз намуд. Дар бозии ифтитоҳӣ, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, шогирдони мураббиён дастаи Макаоро бо ҳисоби бузурги 10:2 шикаст доданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дақиқу ҳамоҳанг ва ҳуҷумҳои пайдарпайи футзалбозони тоҷик ба рақибон имкон надод, ки ба бозиашон барқарор шаванд. Ин натиҷа на танҳо оғози хуш барои мунтахаби мо аст, балки нишон медиҳад, ки даста бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҷиддӣ ба майдон ворид шудааст.
22 сентябр, соати 20:00 футзалбозони тоҷик дар бозии дувум бо тими Камбоҷа вомехӯранд. Маҳз ин рақобат метавонад мавқеи дастаи миллии Тоҷикистонро дар гурӯҳ барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ муайян созад.
Пирӯзии аввал бо чунин фарқият баёнгари афзоиши сатҳи касбӣ ва омодагии варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
