Душанбе, 28 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Оила бидуни зӯроварӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи амалиёти байналмилалии “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки мушкилоти зӯроварӣ дар оила чандҷанба буда, барои муборизаи самаранок зарур аст чораҳои ҳамаҷониба андешида шаванд. Ин чораҳо бояд пешгирии зӯроварӣ, дастгирӣ ва муҳофизати ҷабрдидагон ва ҳамчунин ҷазо додани гунаҳкоронро дар бар гиранд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро қабул кардааст. Бо мақсади рафъи зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом додаанд.
Мақсадҳои асосии чорабинӣ ин татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парвариши ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни никоҳшавандагон ва тарғиби арзишҳои оилавии миллӣ мебошанд. Чорабинӣ ҳамчунин ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона шуда буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо сурудҳо ва таронаҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардонида шуд, ки фазои хотирмон ва маънавӣ эҷод кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
