Душанбе, 22 июл, АИ «Караван Инфо». Дар кароргохи ЮНИСЕФ дар Ню-Йорк чорабинии байналмилалии сатхи баланд дар мавзуи “Хукуки кудакон ва инноватсия: имкониятхо дар Точикистон ва берун аз он” баргузор гардид. Ташаббус аз чониби намояндагии Доимии Чумхурии Точикистон дар назди СММ бо дастгирии фонди Кудакони СММ (ЮНИСЕФ) ташкил намуда шуд.

Форум намояндагони давлатхои аъзои СММ, ЮНИСЕФ, шурои миллии зехни сунъии Точикистон, инчунин коршиносони сохаи маориф ва инноватсияхои технологи чамъ овард.
Мавзуи асосии мулокот тахкими хукуки кудакон бо истифода аз технологияхои муосир, аз чумла зехни сунъи ва карорхои ракамии таълими буд. Иштирокчиён кайд намуданд, ки равишхои инноватсиони барои баланд бардоштани сифати зиндагии кудакон, бахусус дар кишвархои ру ба таракки, имкониятхои нав фарохам меоранд.
Намояндаи доимии чумхурии Точикистон дар назди СММ Чониб Хикмат таъкид дошт, ки масъалахои хифзи хукук ва манфиатхои кудакон дар катори афзалиятхои сиёсати давлатии Точикистон карор доранд, ки тахти рохбарии Президент Эмомали Рахмон гузаронида мешавад.
Чонибек Хикмат дар суханронии худ ёдовар шуд, ки дар Конститутсияи Точикистон тибки моддаи 34 давлат хифзи махсуси модарону кудаконро таъмин менамояд. Ахамияти тарбияи оилави, рушди хамачонибаи шахсият ва дастгирии ичтимоии ноболигон таъкид гардид.
Ба накши ЮНИСЕФ дар пешбурди ташаббусхои раками дар сохаи маориф ва татбики стратегияи Миллии хифзи ичтимоии ахолии Точикистон то соли 2040 диккати махсус дода шуд.
Чорабини ба платформаи чамъбасти мобайни табдил ёфт. Кайд намуда шуд, ки фарогирии тахсилоти томактаби дар кишвар дар 10 соли охир аз 12,3% (соли 2015) то 23,7% (соли 2025) афзоиш ёфтааст.
Дар ин замина ташаббуси стратегии Президент Эмомали Рахмон махсус таъкид шудааст: дар давоми 5 соли оянда дар кишвар бунёди 800 муассисаи томактаби ва 1000 мактаб ба накша гирифта шудааст.
Иштирокчиёни форум ба як хулоса омаданд, ки технологияхои раками, агар дуруст истифода шаванд, метавонанд воситаи пуркуввати хифзи хукуки кудак ва баланд бардоштани дастрасии тахсилоти босифат бошанд.
Хамкории Точикистону ЮНИСЕФ хамчун шарикии дарозмуддат ва устувор, ки ба фарохам овардани мухити мусоид барои рушди хар як кудак равона шудааст, тавсиф шудааст.
Аксхо: Маркази Матбуотии Вазорати маориф Ва илми Чумхурии Точикистон