Олимони қазоқистон таҷрибаи кор бо дастнависҳоро дар донишгоҳи Гарвард омӯхтанд – ИА Караван Инфо
Олимони қазоқистон таҷрибаи кор бо дастнависҳоро дар донишгоҳи Гарвард омӯхтанд

Бостон, 11 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳайати олимони қазоқистон барои омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар каталогизатсия ва рақамикунонии дастхатҳои таърихӣ ба донишгоҳи Гарвард дар ИМА сафари илмӣ анҷом доданд.

Сафар дар доираи созишномаи консорсиум байни Донишгоҳи Хоҷа Аҳмад Ясавӣ, Ғилим ордаса, Astana IT University ва донишгоҳи Гарвард ташкил намуда шудааст. Олимон бо Мутахассисони Маркази Дэвис ва китобхонаҳои донишгоҳ мулоқот намуданд.

Онҳо бо фондҳои дастхатҳои нодир, усулҳои муосири каталогизатсия ва рақамисозӣ шинос шуданд ва инчунин бо пойгоҳи манбаъҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ кор намуданд.

Ҷонибҳо гузаронидани семинарҳои муштарак, воркшопҳо, лоиҳаҳои илмӣ ва таҳияи луғати онлайнии забони чағатайро муҳокима намуданд.

Аксҳо: Вазорати Илм ва ТО ҶҚ

error: