МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Новосибирск олимони НГТУНЭТИ усули инноватсионии тоза намудани обро аз маҳсулоти нафтӣ бо ёрии бактерияҳои – нефтедеструкторҳо пешниҳод намуданд.
Ин микроорганизмҳо қодиранд ифлосшавиро ба моддаҳои оддии барои экология бехатар тақсим кунанд.

Роҳбари лоиҳа, номзади илмҳои биологӣ Екатерина Литвинова шарҳ дод, ки бактерияҳо механизми табиии биодеградатсияро истифода мебаранд:
“Микроорганизмҳое, ки замоне дар растаниҳо мавҷуд буданд, ба таври эволютсионӣ азхуд намудани занҷирҳои дарози карбон – асоси маҳсулоти нафтро омӯхтанд. Ҳоло ин маҳорат барои мубориза бо ифлосшавӣ кӯмак мекунад.”
Технология оддӣ кор мекунад: бактерияҳо дар таркиби биогели махсус ба оби олуда илова намуда мешаванд. Онҳо ба корнамуди маҳсулоти нафтӣ шурӯъ намуда, онҳоро ба об ва гази карбон табдил медиҳанд.
Пас аз ду ҳафта мазут зичии худро гум мекунад ва пас аз 2-3 моҳ об пурра тоза намуда мешавад. Дар шароити табиӣ, ин раванд метавонад ҳамагӣ якуним моҳ тӯл кашад ва ҳангоми истифодаи сайдҳо самаранокӣ ба зиеда аз 90% мерасад.
Олимон таъкид мекунанд, ки худи бактерияҳо бехатаранд ва танҳо консентратсияи онҳоро назорат намудан лозим аст — суръат ва сифати тозакунӣ аз ин вобаста аст. Ҳоло даста таҳқиқотро барои такмил додани технология ва васеъ намудани истифодаи “филтрҳои зинда”идома медиҳад.
Усулҳои биоремедиатсия-истифодаи организмҳои зинда барои тоза намудани хок ва об — дар кишварҳои гуногун барои мубориза бо таъсири резиши нафт истифода мешаванд.
Таҳияи новосибирск метавонад ҳалли дастрас ва экологӣ барои бартараф намудани чунин офатҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои душвортаъсир бошад.
Аксҳо: Фотолия / Александр Ратс