Олимони точик дар намоишгохи байналмилалии ихтирооти Кишвархои Шарки Наздик 2 медали тилло ва 1 нукра ба даст оварданд – ИА Караван Инфо
Олимони точик дар намоишгохи байналмилалии ихтирооти Кишвархои Шарки Наздик 2 медали тилло ва 1 нукра ба даст оварданд

Аз 16 то 19 феврал дар Давлати Кувайт 15-умин намоишгохи байналмилалии ихтирооти кишвархои Шарки Наздик баргузор гардид, ки дар он намояндагони донишгохи Миллии Точикистон 2 медали тилло ва як нукра ба даст оварданд.

Дар намоишгох, ки барои алокаи илм ва истехсолот як руйдоди мухим гардид, 197 ихтироъкор аз 42 кишвари чахон навоварихои худро дар зиёда аз 50 сохаи илми муаррифи намуданд. Дар чорабини 6 олим ва ихтироъкор аз муассисахои тахсилоти олии Чумхурии Точикистон иштирок намуданд.

Пас аз арзёбии корхои хакамон, ки аз намояндагони муассисахои пешрафтаи таълими, илми ва истехсоли иборат буд, 19 феврал маросими чоизасупори баргузор шуд.

Кисми асосии ихтирооти пешниходшуда бо илмхои табии ва техники алокаманд буданд. Хайати хакамон ба корхои олимони точик бахои баланд доданд. Таваччухи афзояндаи Сармоягузорони Вазорати иктисод ва савдои Кувайт ба навоварихои олимони точик як нуктаи мухим гардид. Дар чараёни мухокима имкониятхои хамкории гранти байни олимони точик ва Кувайт низ барраси шуданд.

АКСХО: донишгохи Миллии Точикистон

error: