Олимони Точикистон дар Форуми мубодилаи истеъдодхои Осиёи Маркази дар Чин иштирок мекунанд – ИА Караван Инфо
Олимони Точикистон дар Форуми мубодилаи истеъдодхои Осиёи Маркази дар Чин иштирок мекунанд

Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Тахкими хамкории байналмилалии илми, рушди тахсилоти мухандиси ва густариши робитахои тадкикоти мавзуъхои асосии Форуми Мубодилаи истеъдодхои Осиёи Маркази гардиданд, ки аз санаи 16 то 20 июн дар донишгохи Мухандисии шахри Харбин (Чин) баргузор мешавад.

Аз Точикистон дар чорабини омузгорони Донишгохи Техникии Точикистон ба номи академик Мухаммад Осими иштирок мекунанд. Тавре, ки дар донишгох хабар дода шуд, хайат як катор ташаббусхо ва лоихахои мухимро дар мачлисхои умуми, мухокимахои мавзуъи ва вохурихои дучониба пешниход намуд.

Омузгорони точик оид ба рушди хамкори бо донишгоххо ва марказхои илмии чин дар сохахои афзалиятнок пешниходхо пешниход намуданд:

* энергетика ва энергияи баркароршаванда;

* микроэлектроника ва телекоммуникатсия;

* меъмори ва сохтмони устувор;

* технологияи раками ва зехни сунъи.

Ба барномахои мубодилаи академики, таъсиси озмоишгоххои муштарак ва рушди харакати тадкикоти дар байни олимони чавон диккати махсус дода шуд.

Форуми Мубодилаи истеъдодхои Осиёи Маркази бо иштироки намояндагони Чин ва тамоми кишвархои минтака бо максади васеъ намудани имкониятхои таълими ва илми гузаронида мешавад. Он ба тахкими робитахои байни донишгоххо, фарохам овардани фазои ягонаи таълими ва муайян ва дастгирии истеъдодхои чавон мусоидат мекунад.

Иштироки Точикистон дар ин форум чонибдории кишварро ба гояхои хамгироии байналмилалии илми, дастгирии тахсилоти мухандиси ва тайёр намудани кадрхо барои иктисоди дониш таъкид менамояд.

АКСХО: Донишгохи Техникии Точикистон ба номи академик Мухаммад Осими

error: