Аз 28 август то 3 сентябр экспедитсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) хабар доданд, ки Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) ҳамроҳ бо Шӯъбаи Новосибирскии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия бо мақсади таблиғи объектҳои илмии Тоҷикистон ва рушди навъи туризми нав барои ҷумҳурӣ – туризми илмӣ лоиҳаи “Саёҳат ба илм” – ро амалӣ карданд, ки дар доираи он чорабиниҳо баргузор шуданд.
Маводҳои марбут ба экспедитсияҳои Ҷамъияти ҷуғрофии Русия омӯхта шуданд. Таваҷҷуҳи хос ба таҳқиқоти анҷомдодашуда дар ҳудуди ВМКБ равона карда шуд. Хусусан, 15 постер ҳамчун маводи тақсимотӣ оид ба мавзӯи маърузаи илмӣ-омӯзгорӣ ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ омода карда шуд, роҳи экспедитсия ва барномаи саёҳат таҳия карда шуд.
Мувофиқи барномаи экспедитсия, иштирокчиён бо ёдгориҳои таърихӣ (шаҳристони Карон, қалъаҳои Вомар, Каахка, Ямчун, ступаи буддоӣ дар деҳаи Зонг) шинос шуданд, ки ин объектҳоро мавзӯи таҳқиқоти илмӣ ташкил медиҳанд.
Иштирокчиёни экспедитсия ба зарурати шинос кардани сайёҳон бо усулҳои муайян кардани вақти сохтмони иншоот, бо технологияҳои қадимии сохтмони онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Бо мақсади муайян кардани синни тахтаҳои чӯбӣ ва намудҳои дарахтони истифодашуда дар сохтмони иншоот, дар шаҳристони Карон, қалъаҳои Вомар ва Ямчун маводи органикӣ барои таҳқиқи минбаъда ҷамъоварӣ шуданд.
ФОТО: Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ)