Душанбе, 20 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахлиддин Нуриддинзода бо президенти Фонди байналмилалии Annual Investment Meeting (AIM Global Foundation) Давуд Ал-Шезавӣ баргузор гардид. Дар маркази гуфтушунид масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи саноат ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия қарор доштанд.

Ахлиддин Нуриддинзода изҳор намуд, ки шарикии стратегӣ ва сиёсати дурандешонаи сарони ду давлат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб шейх Муҳаммад бин Заид Ал Наҳён — сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба марҳалаи нав баровардааст.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва АМА дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз ду маротиба афзудааст.
Ҳамзамон, тарафҳо зарурати густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратиро таъкид намуда, истифодаи пурраи имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда дар соҳаҳои зеринро мувофиқа карданд:
- энергетикаи «сабз» ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия,
- саноат ва таъсиси кластерҳои истеҳсолӣ,
- кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти аграрӣ,
- авиатсия ва логистика,
- туризм.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва воридсозии технологияҳои нав равона гардид.
Тибқи назари коршиносон, иштироки AIM дар лоиҳаҳои Тоҷикистон ба кишвар имконият медиҳад, ки ба равандҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ ворид гардад. Дар замоне, ки иқтисодиёти ҷаҳон ба модели «сабз» мегузарад, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои энергетикаи барқароршавандаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам намояд.
Рушди НБО, энергетикаи офтобӣ ва бодӣ метавонад на танҳо амнияти энергетикии кишварро таъмин кунад, балки имконияти содироти барқи «тоза» ба шабакаҳои минтақавию байналмилалиро низ ба миён оварад.
Ҳамзамон, афзоиши таваҷҷуҳ ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси кластерҳои саноатӣ шароити мусоидро барои диверсификатсияи иқтисод ва кам кардани вобастагӣ аз омилҳои беруна фароҳам месозад.
Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистон бо AIM қадами стратегиист, ки имкон медиҳад кишвар ба занҷираҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ ворид шуда, худро ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи рушди устувор муаррифӣ намояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
