Осиёи маркази бар зидди тахдиди маводи мухаддири синтетики кушишхои худро муттахид мекунад – ИА Караван Инфо
Осиёи маркази бар зидди тахдиди маводи мухаддири синтетики кушишхои худро муттахид мекунад

Душанбе, 03 август, АИ «Караван инфо». Дар пасманзари мушкилоти афзояндаи марбут ба пахншавии маводи мухаддири синтетики ва моддахои нави психоактиви дар Алмаато семинари омузишии минтакави барои кишвархои Осиёи Маркази баргузор гардид. Максади он баланд бардоштани самаранокии хамкории байнидавлати дар сохаи мубориза бо чинояткории маводи мухаддир буд.

Семинар 29-30 июли соли 2025 баргузор шуд ва намояндагони идорахои профилии Кишвархои Осиёи Марказиро чамъ овард.  Точикистонро дар чорабини намояндаи ваколатдори ВКД Чумхурии Точикистон дар назди САРИКС, полковник Эмомали Сафарзода намояндаги менамуд.

Дар доираи семинар масъалахои мубрами марбут ба ошкор, тафтиш ва пешгирии чиноятхои марбут ба гардиши гайриконунии маводи мухаддири синтетики ва моддахои нави психоактиви мухокима намуда шуданд. Ба тахкими хамкории минтакави, мубодилаи иттилооти оперативи, истифодаи усулхои муосири криминалистика, инчунин масъалахои пешгири ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони макомоти хифзи хукук диккати махсус дода шуд.

Ба зарурати тахкими хамкории минтакави, таъсиси пойгохи додахои ягона ва такмили механизмхои огохкунии барвакти диккати махсус дода шуд.

Ташкилкунандагони чорабини:

  • Намояндагии минтакавии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва чинояткори (UNP СММ);
  • Маркази иттилоотию хамохангсозии минтакавии Осиёи маркази (САРИКС).

Намояндаи Точикистон ахамияти чунин майдончахои муколамаро кайд намуда, омодагии чумхуриро барои иштироки фаъолона дар ташаббусхои байнидавлати оид ба мубориза бо чинояткории маводи мухаддир, бахусус дар шароити вазъияти мураккаб бо моддахои синтетики изхор намуд.

АКСХО: Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон

error: