Остона, 31 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Аз 14 то 16 август дар Касри яккачанбаи ба номи Жаксилик Ушкемпиров дар Остона мусобикаи байналмилалии рейтинги оид ба таэквондо “kazakhstan Open 2025“ категорияи G-1 баргузор мешавад.

Мусобика, ки ба таквими расмии World Taekwondo дохил намуда шудааст, се категорияи синну солро дар бар мегирад: кадетхо, наврасон ва калонсолон. Иштироки худро дар ин мусобикаи бонуфуз зиёда аз 750 варзишгар тасдик намуданд.
Хайатхои худро варзишгарони Афгонистон, Арманистон, Канада, Фаронса, Хиндустон, Эрон, Казокистон, Кувайт, Киргизистон, Умон, Люксембург, Марокаш, Непал, Покистон, Фаластин, Чин, Арабистони Сауди, Туркия, Тунис, Аморати Муттахидаи Араб, ИМА, инчунин варзишгарони бетарафи инфироди (AIN) намояндаги мекунанд.
Пештар мусобикахои байналмилалии Сатхи G-1 дар Казокистон дар соли 2015 (Алмаато) ва соли 2017 (Атирау) баргузор мешуданд.
Мусобикахо тибки коидахои нави байналмилали бо истифода аз системаи электронии навшудаи KPNP K-2 баргузор мешаванд. Дар Казокистон бори аввал дар доираи мусобика дастпушакхои нави электрони истифода мешаванд, ки бевосита аз чониби ширкати KPNP барои таъмини дакик ва объективии фиксатсияи зарбахо пешниход намуда мешаванд.
Инчунин дар доираи ин мусобикаи байналмилали бори аввал дар Казокистон дастаи намоишии федератсияи чахонии таэквондо баромад мекунад.
Аксхо: КОМ ЧК