Душанбе, 13 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Бар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва рушди соҳаи муд, инчунин дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, озмуни шаҳрии «Miss Dushanbe – 2026» ташкил ва баргузор мегардад.

Озмун бар асоси низомнома дар се номинатсия гузаронида мешавад:
- Номинатсия 1 – Miss Dushanbe
Ин номинатсия унвони асосӣ буда, ғолиб вобаста ба натиҷаҳои ҳамаи давраҳо — зебоӣ, роҳравӣ, истеъдод, пурсишу посух, малакаи муошират, рафтори саҳнавӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Miss Dushanbe чеҳраи пойтахт дар самтҳои фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ мебошад. Ғолиби ин номинатсия бо маблағи 150 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ қадрдонӣ мешавад.
- Номинатсия 2 – Miss Intellect
Ин унвон ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баланди зеҳнӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши иҷтимоӣ, қобилияти андешаронӣ ва малакаи суханронӣ дошта бошад. Ба баҳогузорӣ асосан тавассути қисмати «Пурсишу посух» ва фаъолиятҳои маърифатии иштирокчиён диққат дода мешавад. Ғолиби номинатсияи Miss Intellect бо маблағи 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ қадрдонӣ мегардад.
- Номинатсия 3 – Miss Popular Choice (Мисс маҳбуби дилҳо)
Ғолиби ин номинатсия аз ҷониби шаҳрвандон интихоб карда мешавад. Овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, SMS-паёмакҳо ва дигар роҳҳои электронӣ гузаронида мешавад. Иштирокчие, ки бештари овоз мегирад, унвони Miss Popular Choice (Мисс маҳбуби дилҳо) ва маблағи 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоро соҳиб мегардад.
Шартҳои иштирок дар озмун:
Довталаб бояд чеҳраи миллӣ дошта бошад;
Синну соли довталаб аз 17 то 28 сола бошад;
Қаду басти довталаб аз 165 см то 185 см бошад;
Вазни довталаб аз 50 кг то 70 кг бошад.
Дар қисмати ҷамъбастии озмун ғолибон эълон гардида, ба ҳар яки онҳо ҷоиза ва маблағи пулии муайян дода мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳайати бадеӣ иштирокчиёни фаъол муайян гардида, сипоснома аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Озмуни «Miss Dushanbe – 2026» барои дастгирии чеҳраҳои нави фарҳангӣ ва таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ аҳамияти калидӣ дорад ва ҳамчун платформаи рушд ва шиносоӣ бо истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи зебоӣ ва маданият хизмат мекунад.
АКС: Хуршед Сатторов
