“Памиринвест–2025” : дар Хоруг 17 созишнома ба маблаги 352 миллион сомони барои рушди иктисодиёти шахр ба имзо расидааст – ИА Караван Инфо
"Памиринвест–2025" : дар Хоруг 17 созишнома ба маблаги 352 миллион сомони барои рушди иктисодиёти шахр ба имзо расидааст

Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Санаи 25 июл дар Хоруг, маркази маъмурии Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон форуми Байналмилалии сохибкори ва сармоягузори “Памиринвест-2025” баргузор шуд. Форум платформаи мухим барои муаррифии иктидори иктисодии минтака ва ба рох мондани робитахои тичорати гардид.

Тавре дар макомоти Ичроияи хокимияти давлатии шахри Хоруг хабар доданд, дар чараёни форум 17 созишнома дар бораи хамкори байни макомоти шахр ва сармоягузорони дохиливу хоричи ба маблаги умумии 352 миллион сомони ба имзо расид. Хуччатхои имзошуда ба татбики лоихахои сармоягузори дар сохахои гуногуни афзалиятнок, аз чумла саноат, кишоварзи, инфрасохтор ва сайёхи дахл доранд.

Форуми “Памиринвест–2025” бо максади чалби сармоягузори ба ВМКБ, таъсиси чойхои нави кори, рушди иктидорхои истехсоли ва тахкими хамкории минтакави ташкил намуда шуд. Имкониятхои сармоягузори, шароити мусоид барои пешбурди тичорат, инчунин иктидори бойи табии ва сайёхии Бадахшон пешниход намуда шуданд.

Дар доираи форум намоишгохи махсулоти ВМКБ баргузор шуд, ки дар он молхои махалли: махсулоти кишоварзи, махсулоти хунархои мардуми, махсулоти саноати ва дигар молхое, ки гуногунии иктисоди ва фархангии минтакаро инъикос мекунанд, пешниход намуда шуданд.

Дар мачмуъ дар натичаи форум 46 созишнома ба маблаги 655 миллион сомони ба имзо расид.

Аксхо: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Шахри Хоруг

error: