Алмаато, 2 июли соли 2025 АИ «Караван инфо». Санаи 4 июли соли 2025 ба Алмаато парвози нави мустакими Ширкати Хавопаймоии China Eastern Airlines бо хатсайри Шанхай Алмаато огоз меёбад. Ин чорабини як кадами мухим дар тахкими робитахои сайёхи, фарханги ва тичоратии байни ду метрополия хохад буд, хабар медихад идораи сайёхии Алмаато.

Дар парвози аввал интизор меравад, ки намояндагони ширкати хавопаймои, Расонахои Чини ва блогерхо ворид шаванд, ки ин ба кушодани парвози Хавопаймохо дар Чин фарогирии васеъ медихад. Ба ифтихори ин руйдод, идораи сайёхии шахр аксияи “Рамзи Алмаато хамчун тухфа” – ро ташкил мекунад ва мусофиронро бо армугонхо пешвоз мегирад.
Ин хатсайри нав натичаи созишномахое буд, ки байни хукумати Алмаато ва рохбарияти China Eastern Airlines дар мохи феврали соли 2025 ба даст оварда шуданд. Бояд кайд намуд, ки ин аввалин самти ин ширкати хавопаймои дар Осиёи Маркази мебошад.
Огози парвоз Алмааторо барои сайёхон ва доирахои тичоратии Чин боз хам дастрастар хохад намуд. Танхо дар семохаи аввали соли 2025 беш аз 20,9 хазор сайёхи Чин ба Алмаато ташриф оварданд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 39,9% зиёд аст.
Имруз Алмаато бо парвозхои мустаким бо Пекин, Гуанчжоу, Сиан, Урумчи, Ханчжоу ва Саня алокаманд аст. Хатсайри нав шабакаи мавчударо пурра мекунад ва суръати парвозхоро байни кишвархо, ки аллакай аз 150 парвоз дар як мох зиёд аст, бештар мекунад.
Аксхо: Хокимияти шахри Алмаато