Душанбе, 11 август, – АИ «Караван инфо». Дар нохияи Мастчох бо ташаббуси Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон чохи амудии об ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 5 гектар заминро барои нихолхонахо бо об таъмин мекунад.
Ин лоиха дар доираи барномаи кабудизоркуни ва хифзи мухити зист амали намуда мешавад ва ташаббуси мухими экологии минтака, инчунин омодаги ба рушди устувори кишоварзи ва нихолпарвари ба хисоб меравад.

Чохи амуди, ки дар худуди хочагии ёрирасони шуъбаи экологи сохта шудааст, такрибан 50 гектар заминро обёри мекунад ва барои рушди кабудизоркуни ва нихолпарвари заминаи устувор фарохам меорад.
Раиси Кумитаи Хифзи мухити зист Баходур Шерализода дар маросими ифтитохи он таъкид намуд, ки ин икдом на танхо ба парвариши нихолхо, балки ба таъсиси чойхои нави кори ва бехтар намудани сифати мухити зист мусоидат мекунад.
Имсол аз фонди захиравии нохия 5 гектар замин барои парвариши нихолхои ба иклими махалли мутобикшуда чудо намуда шуд, ки дар он шинонидани намудхои гуногуни дарахтон, ба монанди павловния, акация, клен, кипарис, шоли ва писта ба накша гирифта шудааст. Дар айни замон дар майдони зиёда аз як гектар дар хочагии ёрирасон зиёда аз 17 хазор нихол парвариш намуда мешавад.
Бо дастгирии Кумитаи хифзи мухити зист ба шуъба техникаи махсус дода шудааст, ки имкон медихад, ки нихолхоро бо захирахои камтар ва сифати бехтар парвариш ва нигохубин карда шавад. Ин ташаббус барои рушди устувори бахш ва васеъ намудани корхои кабудизоркуни дар сатхи нохия шароит фарохам меорад.
Дар айни замон дар хочаги 4 нафар, ки нихолхоро нигохубин мекунанд, кор мекунанд ва бо васеъ шудани майдонхои истехсоли имконияти ба кор даровардани 17 нафари дигар пайдо мешавад.
Сохтмони чохи амуди ва рушди инфрасохтори хочагии ёрирасон кисми мухими сиёсати давлатии экологи дар сатхи махалли буда, дар татбики стратегияхои милли оид ба хифзи мухити зист, истифодаи окилонаи захирахои табии ва рушди иктисодиёти “сабз” накши мухим доранд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода