Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 21 август духтарони чавоне, ки дар мактаби дипломатия, рохбарият ва сулхофарии Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САХА) тахсил мекунанд, ба бинои нави Парлумони Точикистон ташриф оварданд ва дар ин бора дар Дастгохи Мачлиси вакилони халк хабар доданд.

Тибки дархости рохбарияти дафтари Барномавии САХА дар Точикистон, имсол дар назди муовини Раиси Мачлиси вакилони халк макоми кории доимоамалкунанда – “Иттиходи занони Мачлиси вакилони халк”таъсис дода шуд.
Максади Асосии Иттиход тахкими накши занон дар хаёти сиёси ва ичтимоии кишвар, иштироки фаъолонаи вакилони зан дар конфронсхо ва чорабинихое, ки ба масъалахои гендери, саломатии занон ва духтарон, такмили конунгузори ва баланд бардоштани макоми занон дар чомеа бахшида шудаанд.
Таъсиси Иттиход барои густариши хамкори бо занони вакилони парлумонхои дигар кишвархо, табодули тачриба дар фаъолияти конунгузори ва чалби занон ба хаёти фаъоли ичтимои ва сиёси имконият фарохам меорад.
Дар доираи экскурсияи таълими байни занони вакил ва шунавандагони Мактаби САХА бахс баргузор шуд. Мавзуъхои асосии мухокима сифатхои рохбари, масъалахои баробарии гендери ва таквияти накши занон дар хаёти ичтимои ва сиёси буданд.
Иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки саволхои мавриди таваччухи худро пурсанд, дар бораи чанбахои амалии фаъолияти сиёси мубодилаи афкор кунанд ва инчунин бо парвандахои муваффаки занони рохбар шинос шаванд. Вохури ба майдони муколамаи илхомбахш ва шабакаи касби табдил ёфтааст.
Чорабини ахамияти чалби занонро ба равандхои кабули карорхо таъкид намуд ва ба тахкими хавасмандии мутахассисони чавон мусоидат намуд.
Аксхо: Мачлиси вакилони Халки Чумхурии Точикистон