Душанбе, 26 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои табиӣ, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ мебошанд, масъалаи амнияти обиро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам шадидтар мегардонанд. Дар чунин шароит мутахассисон на танҳо роҳҳои ҳифзи пиряхҳоро, балки механизмҳои алтернативии захираи обро ҷустуҷӯ доранд. Яке аз чунин роҳҳо — пиряхҳои сунъӣ мебошанд.

Дар суханронии худ дар мубоҳисаҳои 80-ум иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар охири соли 2025, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки:
«Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 пирях пурра об шудааст, ва суръати обшавӣ ҳамоно афзоиш меёбад».
Мутахассисон бар ин назаранд, ки ин раванд на танҳо дастрасӣ ба оби тозаро маҳдуд мекунад, балки ба устувории экосистемаҳо таҳдид намуда, хавфи селу обхезиро меафзояд.
Пиряхи сунъӣ ин иншооти гидротехникӣ буда, барои ҷамъоварии об аз барфу яхҳои обшуда пешбинӣ шудааст. Вай барои истифодаи кӯтоҳмуддати об — асосан дар кишоварзӣ — хизмат мекунад ва пиряхи табииро иваз намекунад.
Афзалияти асосии чунин иншоот — арзиши пасти сохтмон (тақрибан 6000 доллар) ва набудани хароҷоти истифода мебошад.
Дар Қирғизистон тақрибан 30 пиряхи сунъӣ бунёд гардидаанд, аз ҷумла 7 адад дар вилояти Бодканд дар солҳои 2024–2025. Ин таҷриба ба беҳбуди кишоварзӣ ва рушди ҳамкории экологӣ мусоидат кардааст.
Мутахассисони ФАО зарурати таҳияи дастури муҳандисиро таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки пиряхҳои сунъӣ бо обанборҳои хурд ва шабакаи қубурҳо пурра гарданд.
Ба гуфтаи мутахассисон ва олими тоҷик Абдулҳамид Каюмов, дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон — аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Ҳингоб ва Зарафшон — барои бунёди пиряхҳои сунъӣ шароити мусоид вуҷуд дорад. Аммо ин кор бояд танҳо бо омӯзиши ҳамаҷониба ва идоракунии босалоҳият анҷом дода шавад.
Посух равшан аст: пурра не. Пиряхҳои сунъӣ бештар воситаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошанд, на роҳи пешгирии он.
Ба гуфтаи мутахассисони ФАО, онҳо танҳо метавонанд истифодаи оқилонаи обро таъмин намоянд. Ҳифзи пиряхҳои табиӣ бошад, чораҳои глобалӣ — кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва барқарорсозии ҷангалҳоро талаб мекунад.
Бо вуҷуди ин, ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ боис шуданд, ки масъалаи пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар пайдо кунад ва дар дарозмуддат ин раванд метавонад натиҷаҳои мусбат диҳад.
ФОТО: Азия Плюс
