Душанбе, 16 май, АИ Караван Инфо. Конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо бо ташаббуси Чумхурии Точикистон босуръат ба платформаи глобалии сафарбаркунии захирахо, хамкории илми ва муттахидсозии талошхои байналмилали дар посух ба обшавии босуръати пиряххо табдил меёбад.

Дар ин бора рохбари Котиботи конфронс, намояндаи Точикистон дар кумитаи Ичроияи Бунёди Байналмилалии начоти Арал Санои Бойзода хабар дод.
“Мо барои таъмини баргузории бомуваффакияти конфронс бо дастгирии фаъолонаи давлатхои аъзои СММ, созмонхои байналмилали, институтхои молияви ва чомеаи илми кадамхои бузург мегузорем”,-таъкид намуд у.
Тахти сарпарастии Сарвазири Чумхурии Точикистон кумитаи Миллии ташкили таъсис дода шуд ва Котиботи конфронс дар заминаи Вазорати корхои хоричи амал мекунад.
Дар омодасозии конфронс ЮНЕСКО ва созмони чахонии обухавошиноси, ки дастгирии коршиносонро бо супориши Ассамблеяи Генералии СММ хамоханг мекунанд, накши махсус доранд.
Конфронс пешбини шудааст ба:
- Афзоиши огохии чахони дар бораи хатари обшавии пиряххо,
- Тахкими хамкории илми ва сиеси барои хифзи криосфера,
- Татбики катъномахои СММ, аз чумла эълони соли 2025 соли Байналмилалии хифзи пиряххо ва Дахсолаи дастгирии илмхои криосфера (20252034).
Тавре, ки Санои Бойзода кайд кард, ба хамкории фаромарзи дар сохаи хифзи пиряххо ва таъмини манфиатхои устувори ичтимоию иктисоди барои чамоатхои вобаста ба захирахои оби минтакахои кухи диккати махсус дода мешавад.
Конфронс на танхо як чорабинии илми-экологи, балки як кисми раванди сиесии чахони, аз чумла Паймони ба номи оянда, ки дар Саммити ояндаи СММ дар мохи сентябри соли 2024 кабул шудааст, инчунин Хадафхои рушди устувори СММ то соли 2030 хохад буд.
Интизор меравад, ки вохури дар Душанбе дар муборизаи глобали барои хифзи пиряххо хамчун унсури хаётан мухими табии ва хамчун рамзи зарурати ягонагии инсоният дар баробари мушкилоти иклими нуктаи гардиш бошад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода