Пиряххои Точикистон – калиди халли глобали: андешаи коршиноси фини – ИА Караван Инфо
Пиряххои Точикистон - калиди халли глобали: андешаи коршиноси фини

Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. Точикистон дар Осиёи Маркази мавкеи мухими стратеги ва иклими дорад. Ва имруз дар ин чо, дар доираи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, роххои хамкори, ки на танхо барои минтака, балки барои сайёра дар мачмуъ мухиманд, мухокима намуда мешаванд.

Менечери лоихахо дар Осиёи Марказии институти метеорологии Финляндия Юлия Варлей кайд намуд: “Точикистон дар минтака накши калиди дорад. Мо ба конфронсе омадем, ки бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон барои таквияти хамкори ва табодули дониш дар сохаи тахкикоти иклим огоз гардид”.

Институти метеорологии финляндия, ки яке аз навовартарин дар чахон аст, 7-сол инчониб бо кишвархои Осиёи Маркази, аз чумла Точикистон фаъолона хамкори мекунад. Дар доираи шарики табодули тачриба, ташкили экспедитсияхо, тахвили тачхизот ва гузаронидани тренингхои махсус гузаронида мешавад.

Юлия Варлей ахамияти махсуси онро таъкид намуд, ки соли 2025 соли Байналмилалии хифзи пиряххо эълон намуда шуд.

“Ин карор на танхо барои Точикистон, балки барои тамоми чахон низ мухим аст. Зеро обшавии пиряххо ва гармшави мушкилоти глобали мебошанд, ки амали хамохангшударо талаб мекунанд. Мо афзоиши хароратро хамасола аз 2 то 3 дарача ва талафоти то 40% пиряххоро дар ду дахсолаи охир мебинем-ин маълумоти ташвишовар аст ” гуфт у.

Ба гуфтаи вай, чузъи илмии ташаббусхои Точикистон арзиши махсус дорад: “мо дар якчояги бо Агентии гидрометеорологияи Точикистон тахкикоти иклими ва кимиёвиро анчом медихем. Мутаассифона, бисёр маълумоти кухна гум шудаанд ва холо омухтани пиряххо бо усулхои муосир махсусан мухим аст. Ин барои тахлили дакик ва кабули карорхои муассир асос аст.”

Коршиноси фини накши Точикистонро хамчун кишваре, ки масъалаи амнияти иклимро ба сатхи чахони мебарад, ситоиш намуд:

“Ман бовари дорам, ки Точикистон як кадами пуркувват ба пеш гузоштааст. Ташаббусхои Президент Эмомали Рахмон оид ба тагйирёбии иклим беназиранд ва конфронс бо иштироки коршиносони тамоми чахон собит мекунад: муколамаи чахони дар Осиёи Маркази макони боэътимод дорад.”

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: