Остона, 06 ноябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Аз 1-уми январи соли 2022 дар Қазоқистон механизми андозбандии ширкатҳои хориҷӣ амал мекунад, ки хидматҳои электронӣ пешниҳод мекунанд ё молҳоро тавассути интернет ба корбарони қазоқистонӣ дар формати B2C (бизнес барои истеъмолкунанда) мефурӯшанд. Аз оғози фаъолияти ин механизм ширкатҳои рақамии хориҷӣ ба буҷет 118,4 миллиард тенге ААИ пардохт намуданд.

Тавре, ки Кумитаи даромади давлатӣ (КДД) хабар дод, ташкилотҳои хориҷӣ вазифадоранд, ки дар Қазоқистон ба қайд гирифта шаванд ва андоз аз арзиши иловашударо (ААИ) бо меъёри 12% пардохт кунанд.
То имрӯз 118 ширкати хориҷии ғайрирезидент, аз ҷумла платформаҳои бузурги ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо дар соли 2025 ширкатҳои хориҷӣ 48,6 миллиард тенге пардохт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 20 миллиард тенге зиёд аст.
Дар соли 2025 ба системаи андозбандӣ 20 ширкати дигар ҳамроҳ шуданд, ки дар байни онҳо: таҳиягари хидмати ChatGPT OpenAI, L.L.C., платформаи онлайн барои тарроҳии Canva Pty Ltd., платформаи байналмилалӣ барои дӯстдорони шоҳмот Chess.com, бахши Microsoft Microsoft Ireland Operations Limited ва истеҳсолкунандаи велосипедҳои варзишии Canyon Bicycles GmbH.
Бузургтарин пардохткунандагони ААИ дар соли 2025 Valve Corporation (8,6 млрд.тенге), Apple (8 млрд. тенге) ва Temu (6,2 млрд. тенге) буданд.
Кумитаи даромади давлатӣ таъкид намуд, ки ҷорӣ намудани “ААИ рақамӣ” ба Қазоқистон имкон дод, ки дар байни кишварҳое, ки соҳаи рақамиро самаранок танзим мекунанд, ҷой гирад.
Аксҳо: аз манбаъҳои кушода
