Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Давраи муҳоҷирати густардаи меҳнатӣ аз Тоҷикистон метавонад дар даҳсолаҳои наздик ба анҷом расад. Тибқи пешгӯии таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд (БАТ), нишонаҳои аввалини коҳиши устувори ҷараёнҳои муҳоҷирон аллакай баъди 10 сол ба назар мерасанд, ва то миёнаи аср содироти қувваи корӣ аз кишвар метавонад қариб пурра қатъ гардад.

Дар шумораи сентябри баррасиҳои макроиқтисодии Бонки АвруОсиёии Рушд зикр мешавад, ки тағйироти асосӣ тахминан баъди 20 сол возеҳ хоҳанд шуд. Маҳз ҳамин давра нуқтаи гардиш шуморида мешавад, ки модели нави муҳоҷират ба иқтисоди кишвар таъсири мустақим мерасонад.
Яке аз омили асосӣ, ки метавонад равандҳои муҳоҷиратро дигар кунад, коҳиши тафовут дар сатҳи маош мебошад. Дар 4–5 соли охир маоши миёна дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон тадриҷан ба нишондиҳандаҳои Русия наздик мешавад.
Ҳарчанд маош дар Тоҷикистон то ҳол аз маоши Русия хеле поёнтар аст, равшан аст, ки тафовут коҳиш меёбад. Ба андешаи таҳлилгарон, ин ҷараён дер ё зуд боиси коҳиши ҷозибияти муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад.
Омили дигар — демография аст. Манбаи асосии муҳоҷират ҳамеша гурӯҳҳои сершумори ҷавонон буданд, ки омода буданд барои кор ба хориҷ раванд. Солҳо боз сатҳи баланди таваллуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин захираҳоро таъмин мекард.
Аммо дар даҳсолаҳои охир вазъ дигар шуд. Дар Тоҷикистон сатҳи таваллуд ҳар сол тақрибан 1–2 нафар ба ҳар ҳазор аҳолӣ коҳиш меёбад. Бо ин сабаб, нишондиҳандаҳои демографии кишвар ба моделҳои иқтисодҳои пешрафтаи минтақа наздик мешаванд.
Бо вуҷуди пешгӯиҳо дар бораи коҳиши муҳоҷират дар оянда, дар айни замон ҳаволаҳои муҳоҷирон манбаи ҳаётан муҳими иқтисоди кишвар боқӣ мемонанд. Дар соли 2024 ҳаҷми маблағҳои воридшуда аз ҷониби муҳоҷирон қариб нисфи ММД-ро ташкил дод (47,6%).
Дар давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон пайваста миёни пешсафони ҷаҳон аз рӯи ҳиссаи ҳаволаҳо дар иқтисод қарор дошт, ки вобастагии баландро аз ин омил нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, дар дурнамои дарозмуддат Тоҷикистонро тағйироти ҷиддӣ интизор аст: аз иқтисоде, ки то ҳадди зиёд ба муҳоҷират такя мекунад, ба модели рушди дохилӣ.
Муҳимтарин масъала ин пайдо кардани манбаъҳои нави рушд хоҳад буд, ки коҳиши ҳаҷми ҳавалаҳоро ҷуброн намоянд.
АКС: Аз манбаъхои кушода