Полиси Бразилия накшаи омодасозии табаддулоти давлатиро ошкор намуд  – ИА Караван Инфо
Полиси Бразилия накшаи омодасозии табаддулоти давлатиро ошкор намуд 

Полиси федералии Бразилия як амалиёти махсуси васеъмикёсро алайхи гурухи чиноятии гумонбаршуда анчом дод, ки гуё пас аз интихоботи президентии соли 2022 табаддулоти давлатиро ба накша гирифта буд. Тибки иттилои полис, хадафи ин дасиса пешгирии ба вазифаи президенти Интихобшуда Луис Инасиу Лула Да Силва ва махдуд намудани ваколатхои хокимияти суди буд. 

Тафтишот муайян намуд, ки созмон накшаи муфассали амалиетиро бо номи “Ханчари Сабз-сафед” тахия намудааст. Ин накша куштори Лула Да Силва, ноиби президент Жералдо Алкмин, инчунин хабс ва катли судяи суди Оли Александр де Мораесро, ки тахти назорати доими буд, пешбини менамуд. Макомоти интизоми мегуянд, ки татбики накша 15 декабри соли 2022 ба накша гирифта шуда буд. 

Бо карори суди Оли панч гумонбар дастгир намуда шуданд. Дар байни онхо чор сарбози марбут ба чузъу томхои махсуси артиш ва як полиси федерали. Тафтишот идома дорад ва анчоми парванда то охири сол интизор аст.

Ин амалиёт пас аз таркишхо дар назди бинои Суди Оли дар Пойтахти Бразилия хафтаи гузашта ба амал омад. Дар натичаи ин ходиса як мард кушта шуд ва полис тафтиши алохидаи сабабхо ва ташкилкунандагони таркишро огоз намуд. 

Ходисахо ба танишхои сиёсии давомдор дар Бразилия пас аз интихоботи соли 2022 ишора мекунанд, ки дар он Луис Инасиу Лула Да Силва ба кудрат баргашта, пешгузаштаи худ Жаир Болсонараро маглуб намуд.

Аксхо: fredpinheiro.hotmail.com.br

error: