Полша аз руи хиссаи харочоти низоми дар ММД пешсафи НАТО хохад шуд, гуфт президент Анджей Дуда. Ба гуфтаи у, дар соли 2025 бучаи мудофиаи кишвар ба 30 миллиард евро мерасад, ки 4,7% ММД – ро ташкил медихад.

“Мо хариди тачхизоти муосиртаринро барои артиши Полша идома медихем ва иттифокро бо ИМА мустахкам мекунем. Мо аллакай дар Полша пойгохи нави дифои Хавоии Амрико дорем” гуфт Дуда дар мулокот бо фармондехии низоми.
Холо Варшава 4,1% ММД — ро барои мудофиа сарф мекунад, ки ин аз хама кишвархои дигари НАТО зиёдтар аст. Полша аз руи ин нишондиханда Эстония ва ИМА пайрави мекунанд.
Сарвазири Полша Доналд Туск ташаббуси афзоиши харочоти мудофиаро дастгири намуд ва кайд намуд, ки кишвархои НАТО бояд ба мушкилоти нав омода бошанд. Каблан президенти ИМА Доналд Трамп иттифокчиёни аврупоиро барои маблаггузории нокифояи бахши мудофиа танкид намуда буд ва даъват менамуд, ки харочоти хадди акали кишвархои НАТО то 5% ММД зиёд намуда шавад.
Полша тачхизоти низомиро аз ИМА ва Кореяи Чануби, аз чумла хавопаймохои чанги, танкхо ва системахои Про фаъолона харидори мекунад. Дар кишвар инчунин омузиши хатмии силох дар мактабхо чори намуда мешавад.
Комиссияи Аврупо тахмин мезанад, ки барои таъмини амнияти ИА дар дахсолаи оянда ба бахши мудофиа 500 миллиард евро сармоягузори лозим аст.
Дигар кишвархои минтака низ бучахои мудофиаро зиёд мекунанд. Дар мохи январ, президенти Литва Гитанас Науседа эълон намуд, ки аз соли 2026 Вилнюс барои мудофиа 5-6% ММД сарф мекунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода