ОСТОНА, 2 январ АИ «Караван Инфо». Қасим-Жомарт Токаев Сарвазир Олжас Бектеновро қабул намуд ва дар бораи рафти иҷрои супоришҳои президентӣ, ки ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд, ҳисобот шунид. Сарвари Ҳукумат натиҷаҳои пешакии рушди иҷтимоию иқтисодии Қазоқистонро барои соли 2025 пешниҳод кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати диверсификатсияи иқтисодиёт, беш аз 70% афзоиши ММД аз ҷониби саноат, савдо ва нақлиёт таъмин намуда шудааст. Дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ хизматрасониҳои нақлиётӣ 20,3%, сохтмон 14,7%, савдо 8,8%, хоҷагии қишлоқ 6,1%, саноати коркард 5,9% афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ба 18,5 триллион тенге расид, дар ҳоле, ки сармоягузории хусусӣ қариб 10% афзуд.
Ба президент инчунин, дар бораи татбиқи Барномаи Амалиёти Муштараки Ҳукумат, бонки Миллӣ ва Агентии танзим ва рушди бозори молиявӣ барои солҳои 2026-2028, ки ба суботи макроиқтисодӣ, ҷилавгирӣ аз таваррум ва афзоиши даромади воқеии шаҳрвандон нигаронида шудааст, гузориш дода шуд.
Анҷоми навсозии панҷ нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, оғози феҳристи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва қабули барномаи ягонаи дастгирии тиҷорати хурд “Искер аймақ” алоҳида қайд намуда шудааст. Илова бар ин, масъалаҳои гузаронидани мавсими гармидиҳӣ ва маблағгузории барвақтии маъракаи кишти соли 2026 баррасӣ намуда шуданд.
Дар натиҷаи мулоқот Сарвари давлат супориш дод, ки корҳо оид ба ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ ба манфиати шаҳрвандони кишвар идома дода шаванд.
Аксҳо: Акорда
