Душанбе, 09 август, АИ «Караван Инфо». Чоизаи байналмилалии сулхи ба номи Лев Толстой президентхои Точикистон, Киргизистон ва Узбекистон — Эмомали Рахмон, Садир Чапаров ва Шавкат Мирзиёевро барои сахми назарраси онхо дар тахкими амният, бунёди сулхи бисёркутби ва рушди хамкорихои байналмилали пешбари намуд. Дар ин бора бунёди сулхи Русия хабар дод.

Бунёди сулхи Русия номзадхои рахбарони кишвархоро дар асоси созишномахои таърихи, ки дар саммити якуми се кишвар дар Хучанд санаи 31 марти соли 2025 ба имзо расидаанд, пешниход намудааст. Дар байни ин хуччатхо шартнома дар бораи пайвастани марзхои Киргизистон, Точикистон ва Узбекистон, инчунин эъломияи Хучанд дар бораи дустии абади.
Тавре, ки раиси раёсати фонд Леонид Слутский дар номаи хакамони чоиза кайд намуд, ин созишномахо ба субот ва рушди устувори минтака мусоидат мекунанд.
“Бунёди сулхи Русия пешниход мекунад, ки ин руйдоди мухимро чашн гирифта, президентхо Садир Чапаров, Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиёевро барои сахми онхо дар бунёеди сулхи бисёркутби ва тахкими хамдигарфахми байни халкхо ба чоизаи байналмилалии сулхи ба номи Л. Н.Толстой пешбари намоянд”, — гуфта мешавад дар изхорот.
Слутский илова намуд, ки бо кушиши ин рохбарон амният дар китъаи авруосиё таъмин намуда мешавад ва инчунин муколама дар бораи ташкили фазои бидуни раводид ва баланд бардоштани чолибияти сайёхии минтака идома дорад.
Чоизаи ба номи Лев Толстой барои хидматхои беназир дар пешгирии тахдиди чанги чахони, таъмини амният дар асоси хукуки байналмилали, дастовардхо дар гайринизоми ва химояи хукуки инсон дода мешавад. Соли 2024 чоиза ба Иттиходи Африко супурда шуд.
АКСХО: Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон